ЧЕМПИОАНАТИ ҶАҲОН-2018: Ҷоми ҷаҳон ба Москва баргашт

Июнь 5, 2018 16:21

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  9 рӯзи дигар боқӣ монд. Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи Ҷоми ҷаҳон, ки дирӯз баъди сайри дурудароз ба зиёда аз 50 кишвари сайёра аз нав ба Москва баргашт,  идома медиҳад. 

Аз 9 сентябри соли гузашта сар карда,  саёҳати Ҷоми ҷаҳон бо дастгирии ширкати «Coca-Cola» аз шаҳри  Москва шурӯъ шуд. Онро Президенти Россия Владимир Путин  ва Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфонтино ба маърази тамошо гузоштанд. Хатсайри саёҳати Ҷом то моҳи декабри соли 2017 дар ҳудуд ва қаламрави тамоми Россия –мизбони бозиҳо гузаронида шуд. Баъдан Ҷом ба сайри   50 кишвари 6 қитъа роҳ пеш гирифт. Таърихи сайру саёҳати Ҷом аз соли 2006, аз Чемпионати ҷаҳон дар Германия сарчашма мегирад.

Орзуи аз наздик дидани Ҷоми ҷаҳон аз ҷониби сокинони сайёра ва хосатан мухлисони футбол хеле баланд аст. Худи футболбозоне, ки дар ҳайати дастаҳои мунтахаб бозӣ мекунанд, ба дидану расидан ба ин Ҷом таваҷҷуҳи беандоза доранд.

Ҷоми ҷаҳон аз 5 кг тиллои 18-карата  сохта шудааст. Соли бароришаш ба соли 1974 рост меояд. Он 36,5 см баландӣ дошта, қутраш ба 13 см баробар аст. Дар маҷмӯъ  ин ҷоиза  6 килову 175 гр вазн дорад. Дар он ду нафар таҷассум  ёфтаанд, ки бо дастонашон кураи заминро нигоҳ медоранд. Онро ҳайкалтароши италиягӣ  Силвиё Гассанӣ тарроҳӣ кардааст.

Муаррихон менависанд, ки Ҷоми ҷаҳонро бори аввал дар чемпионати соли 1974 футболбози немис Франс Беккенбауэр болои сар бардоштааст. Он ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол супурда мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА боқӣ мемонад.

Бар асоси қоидаҳои Федератсияи футболи ҷаҳонӣ  ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст расонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ё дастае супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахабе, ки ғолиби мусобиқот мегардад, бар ивази он нусхаи Ҷомро бо худ мебарад.

5 феврали соли 2018. Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як сафҳаи  рангину навини варзишро  дар ҳаёти худ навишта кард, ки он мансуб ба футбол мебошад. Ҷоми ҷаҳон дар доираи сайри худ ба сарзамини тоҷикон оварда шуд. Ҳазорон мухлисон ин лаҳзаҳои таърихиро интизор буданд. Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва аввалин шоҳидони  ин лаҳзаи таърихӣ Ҷомро пешвоз гирифтанд. Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бо ҳавопаймои махсусе ба шаҳри Душанбе фуруд омад.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аввалин шуда, Ҷоми ҷаҳонро дар сарзамини мо рӯнамоӣ кард. Ӯ ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва ширкати «Сoca-Соlа» /«Кока Кола»/ барои шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ намуд. «Ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои мо рӯйдоди фараҳбахш аст. Мутмаинам, ки ин ба оммавигардии футбол дар мамлакат такони нав мебахшад. Ба ташкилкунандагон, ба ширкати «Сoca-Соlа» дар якҷоягӣ бо ФИФА ҷиҳати шомил намудани шаҳри Душанбе ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ менамоям», — гуфт Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

Албатта, ба Тоҷикистон овардани Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол рӯйдоди фараҳбахш буда, боиси сарфарозист. Маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо ҳазорон нафар мухлисон Ҷомро интизорӣ мекашиданд. Ҷоми Чемпионати ҷаҳонро футболбози шӯҳратёр,  чемпиони чаҳону Аврупо, ситораи футболи клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид Кристиан Карамбё ба Душанбе ҳамроҳӣ мекард. Чун Ҷом дар “Кохи Борбад” ба маърази тамошо гузошта шуд, сараввал бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз он дидан карда, барои ёдгорӣ акс гирифтанд. Ҳамин тавр тамошои Ҷоми ҷаҳон, ки дар сайёра аз муқаддастарин ҷоиза ба шумор меравад, шурӯъ гардид. Ҳазорон нафар одамони касбу кори гуногун талош мекарданд, ки ба дидори ин Ҷом расанд ва барои хотира бо он акс гиранд.

Сайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон аз Тоҷикистон ба дигар гӯшаҳои кураи замин идома ёфт.

Албатта, шояд на ҳамаи он нафароне, ки мехостанд бо ин ҷом дар Тоҷикистон акс бигиранд, ба он муваффақ шуданд, аммо масъалаи муҳим он буд, ки бори аввал сарзамини мо ҳам ин Ҷомро истиқбол кард. Футбол бозиест, ки миллионҳо дилбохтагонаш бо орзуи дидани Чемпионати чаҳони навбатӣ чор солро интизор мешаванд.

3 июн Ҷоми Чемпионати ҷаҳон баъди сайри худ ба 91 шаҳри 50 кишвари ҷаҳон аз нав ба Москва баргашт. 14 июн дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Москва бо  бозии байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Россия Чемпионати 21-уми ҷаҳон оғоз меёбад.

Июнь 5, 2018 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад
«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад