Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон

Июнь 24, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 24.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо самимият ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани бинои нави Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд.

Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои ташхисиву табобатии бинои иловагӣ шинос шуда, бо ҳайати кории он аз наздик суҳбат карданд.

Тавре маълум гашт, бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум аз шуъбаи наҷот, ҳуҷраҳои амалиёт, ҳуҷраи махсус барои хатнаи кӯдакон ва утоқҳои ёрирасон иборат аст. Дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои алоҳидаи табобатӣ бо 34 кат мавҷуд аст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои иловагии тозабунёд дорои 46 кат буда, дар баробари утоқу озмоишгоҳҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорои ошхонаи муосир барои хизматрасонӣ ба беморону аёдаткунандагон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то имрӯз бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир бунёд ёфтааст.

Бино ба маълумоти масъулин, барои анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагии Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳорат» ва «Қасри замон» иҷро намуданд.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ дар бинои иловагӣ аз ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ харидорӣ шудаанд. Барои харидорӣ ва насби дастгоҳҳои тиббӣ бештар аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Бунёди ин иншооти муосири тандурустӣ имконият медиҳад, ки ташхису табобати ниёзмандон минбаъд дар ҳудуди ноҳия ҷараён гирад.

Зимни боздид аз бинои иловагӣ ва суҳбат бо табибону кормандони соҳа, Пешвои миллат табибонро ба истифодаи дурусти имконияти фароҳамовардашуда, муносибату муомилаи хуб бо беморон ва иҷрои содиқонаи масъулияти доштаашон ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон 24.06.2018

Июнь 24, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории «Зиҷин»-и Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон ворид шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили