ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ тақвият меёбад

Август 8, 2024 09:59

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истифодаи васеъи манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтоб ва бод чораҳои иловагӣ андешад, чунин омадааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол» аз 5 августи соли 2024.

Тибқи арзёбии коршиносон, дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Мавриди тазаккур аст, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ – энергияи ҷараёни обҳои дарёҳо, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ, энергияи офтоб, энергияи бод, энергияи обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзғор дохил мешаванд. Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.

Дар ҷумҳурӣ истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол тақвият дода шуда, дар 5 соли оянда 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 МВт амалӣ гардида, то соли 2030 ин иқтидор то 800 МВт расонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки 10 июни соли равон дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид намуданд, ки «истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус, дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин, роҳандозии технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд».

«Васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус, дар деҳот ва роҳандозии технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280–330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.

Ба андешаи коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ гардонида метавонад.

Ёдовар мешавем, ки бо ин мақсад дар қисмати ғарбии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара баҳри бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ 22 гектар замин ҷудо гардидааст, ки марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо оғоз шудааст. Фаъолияти ширкат ба бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ нигаронида шудааст, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар чор марҳила 2 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ширкати Ашёҳои глобалии офтобӣ — и Ҷумҳурии Корея (Global Solar Wafer) дар 4 марҳила бунёд гардида, баъд аз татбиқи пурраи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар дар чор марҳила бо кор таъмин карда мешаванд, ки 95 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввалини корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа моҳи марти соли 2025 ба анҷом расида, дар натиҷа таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт истеҳсол карда мешавад. Ташкили истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ин корхона барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз манобеи барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ҷорӣ намудани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин раванд имкон медиҳад, ки истифодаи неруи Офтоб, махсусан дар фасли тобистон самаранокии бештар медиҳад. Чунин иқтидоре, ки аз панелҳои офтобӣ мегирем, имконият дорад, ки аз 500 ҳазор то ба 1 миллион хоҷагиро бо неруи барқ таъмин намояд. Ҳамзамон он имконияти таъмини ҳазорҳо сардхонаро бо неруи барқароршаванда дорад.

Хотиррасон мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 бо ширкати ТВЕА ва моҳи майи соли 2024 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «POVER – CHINA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба имзо расид. Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар нақша гирифта шуда, ширкатҳо ният доранд, ки марҳила ба марҳила силсилаи неругоҳҳои офтобию бодиро дар ҳудуди Тоҷикистон маблағгузорӣ ва бунёд намояд, ки иқтидори умумии онҳо 1500 МВт хоҳад буд.

Ҳамчунин байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи ин санад, ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мутахассисон, иқтидори неруи шамол дар Тоҷикистон соле ба 25 — 150 миллиард киловатт/соат мерасад. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Роғун, Гулистон, ноҳияҳои Файзобод, Мурғоб, Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Шаҳрис­тон насб кардани таҷҳизоти шамолии тавлидкунандаи барқ самарабахш аст. Инчунин, дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон гармхонаҳои офтобӣ сохта шудааст, ки бо харҷи кам ҳосили фаровон медиҳанд. Ин таҷрибаро метавон дар дигар минтақаҳои мамлакат истифода бурд.

Аз неруи Офтоб, ки манбаи беминнати рӯшноию гармӣ мебошад, оқилона истифода бурдан самараи хуб хоҳад овард. Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF), то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд. Ҳоло аз ҷиҳати истифодаи неруи офтобу бод Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд. Дар ИМА, Ҷопон, Олмон, Туркия, Кипр, Шветсия, Швейтсария, Канада, Испания, Дания, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва АМА низ аз неруи офтоб барои тавлиди неруи барқ, обгармкунӣ, аз чоҳҳо боло кашидани об таҷҳизоти офтобиро фаровон истифода мебаранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 8, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавҷуд аст
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Соли оянда Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт пурра ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИËИ МАРКАЗӢ. Дар Бадахшон моҳии сурх парвариш меёбад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид