ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТ: «ШАРОИТИ САФАР БА МУРҒОБ ХАТАРНОК БУД, ВАЛЕ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РОҲАШОН НАГАШТАНД…»
ДУШАНБЕ, 13.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, субҳи 13-уми сентябр, дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкуҳ ташриф оварданд.
Тавре дар гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ омадааст, «имрӯз аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид….». Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ҳолати мазкурро шарҳ дода, навиштааст: «Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеи куҳистон ташриф оварданд».
Воқеан ҳам, Мурғоб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави ИДМ баландтарин ноҳияи куҳӣ ба ҳисоб меравад. Он дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва, аз ин сабаб, релефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.

Вале ба ин нигоҳ накарда, тавре Хадамоти матбуоти Президент навиштааст, сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Мурғоб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд. Фазои шукуҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии аҳолии ноҳияи баландкуҳи Мурғоб нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад…».









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






