Ифтитоҳи Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

Октябрь 22, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои марказ 2-ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, эмгузаронӣ, хуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.

Сохтмони бинои муосири маркази саломатӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон ба итмом расид.

Дар баробари бунёди Маркази саломатӣ он бо 85 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳҳои хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷузвдон ва ғайра таъмин карда шуданд.

Ғайр аз ин дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгӯй мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардид.

Маркази саломатӣ асосан барои маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда, дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.

Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бунёд шуд.

Ифтитоҳи Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 22.10.2018

Октябрь 22, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд