ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИН НАДОРАД. Ё худ чаро дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва исломро тавъам медонад? Дар ин бора муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов мулоҳиза меронад

Февраль 21, 2019 16:34

ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар субҳ рӯзи худро бо азназаргузаронии сомонаҳои хабарӣ дар Шабакаи ҷаҳонии интернет шурӯъ менамоям. Бароям хеле шигифтовар аст, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта, рӯзе нест, ки ба он иттилои нав илова нашавад. Ба ибораи дигар, имрӯз далели бебаҳс шудааст, ки хатари экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама, ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки тамоми мусулмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусулмон бояд бошад, ки дар баъзе ҳолат ба «осиёб» — и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз кишварҳои мусулмонӣ «об рехта истодаанд». Дар заминаи чунин “тадбирандешӣ”-ҳо аҳолии сайёра ба ибораи «Ислом ба зоти худ надорад айбе» камтаваҷҷуҳ шуда, муътақид мегардад, ки «мусалмонон фоқамасту ҷандапӯш» ва ифротианд.

Воқеоти солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани ислом ба Аврупо «кӯч баста», ба як маъракаи густурда табдил ёфтааст. Бегуфтугӯ, амалҳои террористие, ки дар шаҳри бузурги Аврупо аз ҷониби террористони “исломӣ” ба вуқӯъ пайвастанд, ба таври бесобиқа ҳисси нафрату бадбинии ҷомеаи Аврупоро нисбат ба мусулмонон таҳрик бахшиданд.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибрози он ки “террорист Ватан, миллат ва дин надорад”, касе беҳтар аз Пешвои миллат “шахсият”-и террористро бозгӯйӣ ва аз мусулмонон ҳимоят накардааст.

Аз он дар ҳайратам, ки ҷомеаи Аврупо, ки аз терроризму террористон изҳори нигаронӣ менамоянду онро бидуни пайваст намудани калимаи “исломӣ” ва ё “исломгаро” ба забон намеоранд, дар мавриди он ки ин “падида” дар Аврупо зуҳур кардаву моҳиятан тифли ба ноз парвардаашон аст, “ба даҳон об гирифтаанд”?

Чанде пеш Шарифхӯҷа Ҳасанов, номзади илмҳои ҳуқуқ дар матлабе бо истинод ба далелҳои таърихӣ нигошта буд, ки “дар асри I пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60 -70 асри яки мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия — «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз амалҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи «сика» — ханҷари кӯтоҳ маънидод шудааст. Сикориҳо дар рӯзи равшан, одатан дар вақти серодам будани кӯчаю бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн, бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд” .

Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки давоми чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Агар мавзӯъро амиқ таҳлилу баррасӣ намоем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои мусулмонӣ ва ашхоси пайрави дини ислом мебошанд. Мебояд сари он ҷиддӣ андешем, ки чаро чунин аст? Дар навбати аввал зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна шудааст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд.

Сониян, имрӯзҳо ҳама шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар кишварҳои мусулмоннишин миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, ҷараён дорад. Чунин ҳолат «табъи дил»-и манфиатбардорон буда, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Ахиран, мо бояд дарк намоем, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Агар мардум ин омилҳоро мадди назар дошта бошанд, он гоҳ амнияти давлату миллат осебнопазир аст.

Мушоҳида ва суҳбат бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки вақтҳои охир сатҳи дингароӣ дар мамлакат тамоюли афзоиш касб намудааст. Ин раванд аз зовияҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши теъдоди намозгузорон дар рўзҳои ҷумъа, ирсоли паёмак ва коллажҳои ба дин рабтдошта тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси густурда ёфтани ибтикори ба дин марбут дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра барьало аст.

Барои тақвияти андеша ва мукаммал шудани матлаб аксар адабиёти ба дин рабтдоштаро мутолиа кардаам. Дар маҷмўъ, «дин» дар онҳо ба маънои неруи эзидӣ, виҷдони марди некукор, ё бозшиносии некӣ омадааст. Хеле ҷолиб аст, ки форсҳо ин вожаро ҳамчун синоними виҷдон истифода мебурдаанд. Олимони соҳа исбот кардаанд, ки “арабҳо ин вожаро аз забони форсӣ-тоҷикӣ рабуданд ва дар ин замина калимаҳои адён, диёнат, тадаюн, мутамаддинро «ихтироъ» кардаанд”.

Дар бораи таърихи динҳо маълумот хеле зиёд аст. Барои мисол, митроизм ва зардуштӣ динҳои куҳантарин буда, таърихи 8-10-ҳазорсола доранд.

Муҳимтар аз ҳама, ҳадафи ҳамаи динҳо эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, талқин мегардад, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчўбаи ахлоқӣ ва ё ба гуфтаи аврупоиён, кодекси ахлоқӣ нигоҳ доранд ва аз гунаҳкорӣ бим дошта бошанд. Динҳо ин арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз паёмадҳои гуноҳ талқин мекунанд.

Моҳиятан аз рӯзҳои аввали мавҷудияти инсоният фарҳанги ҳар як халқият арзиши нотакрорро доро буда, он бо мурури сол ва талаботи замон такомул ёфта истодааст. Тавре аз далелу арқоми таърихӣ бармеояд, фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Ҳамрадиф бо ин, фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд. Банда низ бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид.

Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусулмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтаву ин раванд муттасил аст.

Мутаассифона, баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд.

Омори аз ҷониби собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҳоло муовини вазир – сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи мамлакат) М. Умаров дар муҳокимаи парлумонӣ пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳад, ки аз теъдоди умумии аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 424 нафарро шаҳрвандони аз 35 то 40 — сола, 367 нафарро аз 30 то 35- сола, 917 нафарро аз 25 то 30 — сола, 696 нафарро аз 20 то 25 -сола ва 39 нафарро аз 17 то 20- сола ташкил медиҳанд. Номбурда гуфта буд, ки “то сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафар аст”. Омили нигаронкунанда ба андешаи М. Умаров он аст, ки “дар баробари ҷангиёни алоҳида, шумораи зиёди оилаҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон қарор доранд ва пас аз кушта шудани саробонашон бесоҳиб монда, занҳо аз даст ба даст гашта, кӯдакон зери таъсири ташкилотҳои террористӣ қарор мегиранд”. Омӯзиши раванди шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ нишон додааст, ки аксарияти онҳо аз минтақаҳои зерини ҷумҳурӣ: шаҳри Душанбе — 239 нафар, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон — 253 , аз ҷумла, ноҳияи Кушониён — 67, Қубодиён — 74, Шаҳритуз -76, Ҷ.Балхӣ -36 нафар, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — 136 нафар, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб — 99, ноҳияи Фархор — 37 нафар, вилояти Суғд -264 нафар, аз ҷумла, шаҳри Исфара — 111, Истаравшан — 84, Бӯстон — 12 ноҳияи Спитамен — 35, Конибодом — 22 нафар, ВМКБ: ноҳияи Ванҷ 37 нафар, НТМ — 328 нафар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат — 128, Турсунзода — 39 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ — 107 ва Шаҳринав — 54 нафар мебошанд.

Аслан дингароие, ки ҳоло дар кишвари мо роиҷ аст, падидаи сунъӣ буда, ба хурофот рабт дорад ва дар сурати густариш пайдо намудан паёмадҳои ногувор ба бор меорад. Мо бояд фаромўш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав – ба таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ маъмул гардида буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯйҳо ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо «об мерехт”.

Агар ба таърихи дини мубини ислом назар афканем, пас муътақид хоҳем шуд, ки асосгузорони ин дин барои нигоҳ доштани хилофат ва дар зери султаву қудрат нигоҳ доштани кишварҳои дар тобеияти худбуда сиёсати озмудашудаи «тақсим намову ҳукумат кун» — ро васеъ истифода мебурданду мебаранд. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳар доираи манфиатдор мехоҳад ба хостаҳояш дастёб шавад. Онҳо кӯшиш менамоянд дар ин гуна кишварҳо бавуҷудории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии дингароёнро пайваста идома диҳанд. Инчунин то ҳадди имкон аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккуроти динию мазҳабӣ боқӣ монанд. Зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд, тафаккури миллӣ боло мегирад, ки дар пайи он манофеи миллӣ ба вуҷуд меояд, ки ба манфиати доираҳои зикршуда нест.

Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо хеле паҳновар гардид. Зеро аксари мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо орзуи дарёфти озодӣ ба дину диндорон рў оварданд. Дар ин замина, дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX, ҳарчанд дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омад, дар ин раванд ҳизби гўиё ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд. Сипас, бинобар пайдо шудани «зарурат» ҷараёнҳоеро, аз қабили “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва даҳҳои дигарро ворид карданд, ки хушбахтона, ҳадафҳои онҳо ошкор ва фаъолияти аксарашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Хулоса ин аст, ки дар мамлакат Ҳукумат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд. Муҳимтар аз ҳама, агар имону эътиқод ба сиёсат омезиш дода шаванд, он гоҳ арзишҳои худро аз даст медиҳанд ва ба василаи расидан ба қудрат табдил мешаванд, ки пайомадаш хуб нест.

Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва хурофотпарастӣ мебошад.

Дар кишвари мо ба чунин гурӯҳҳо ҷалб гардидани ҷавонон чанд сабаб дорад, ки асосиаш хурофотпарастӣ аст. Ба ғайр аз ин, то як андоза канораҷӯйӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму зиё ва фарҳанг ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон то андозае ба густариши ин раванд сабаб шуда метавонад. Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд мегӯянду менависанд. Вале бояд ба назар гиирфт, ки раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат ҳамчунин сабаби он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд.

Далелҳо гувоҳи онанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти оқибати хатарҳои муосир аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои дахлдори Суди Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ғайриқонунӣ эълон ва манъ карда шудааст. Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки “тайи солҳои 2016-2018 22 сархатиби масҷидҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд, ки 12 нафари онҳо барои доштани робитаи зич бо ташкилоти террористии «Бародарони мусулмон», 9 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти экстремистии «Салафия» ва 1 нафар барои узвият дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» айбдор дониста шудаанд”.

Омили мазкур низ саҳлу сода набуда, моро ҳушдор медиҳад, ки қисме аз толибилмоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ гирифтаанд, имрӯзҳо ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият мекунанд ва ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ ва ақидаҳои тундрави онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд.

Бо инобати далелҳои дар матлаб зикршуда мо, мусулмононро мебояд аз рӯйдодҳои охир хулосаи зарурӣ барорем, сатҳи худшиносиамонро такмил диҳем ва ба сиёсӣ намудани исломи ноб хотима бахшем.

Далер МЕРГАНОВ,
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи
«Садои мардум»

Февраль 21, 2019 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд
«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандон баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд
«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд
Ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиш доир шуд
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд