Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин

Апрель 28, 2019 15:39

ДУШАНБЕ, 28.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.

Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти «Ренмин» ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаҳои ҷолиб баён кард.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон — Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Чин дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.

Дар суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи навини Тоҷикистон, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва амнияти сартосарии сарзамин, ҳамкории дуҷониба бо кишвари ҳамсояи Чин ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд.

Барои чопи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар тарҷума ва чопи ин китоб нашрияи «Ренмин» саҳми шоиста дорад.

Изҳори умед карда шуд, ки китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба хонандагони чиноӣ имкон фароҳам меорад, то дар бораи таърихи мардуми куҳанбунёди тоҷик маълумоти бештару беҳтар пайдо намоянд.

Мулоқот бо кормандони Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин 28.04.2019

Апрель 28, 2019 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд