АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад

Май 6, 2024 17:44

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дӯстии халқҳои тоҷику узбек таърихи қадимӣ дошта, аз қаъри асрҳо ин ду миллат дар ҳамсоягӣ, фазои осоиштагӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ умр ба сар бурда, дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёт дар бари ҳамдигар ҳастанд. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шоир, нависанда, журналист ва тарҷумон Сулаймон Эрматов.

Мавсуф иброз намуд, ки равобити дӯстиву бародарӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистон ва Узбекистон солҳои охир бо ташаббуси наҷибу дурандешона ва иродаи сиёсии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев беш аз пеш таҳким ёфта, вориди марҳилаи нави рушд гардид ва то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид, ки ин падидаи умедбахш арзёбӣ мегардад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрели соли 2024 дар тавсеаи муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Узбекистон саҳифаи нав боз намуд.

Дар доираи ин сафар барои рушди муносибатҳои байни ду давлат 28 Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 6 созишнома: оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, омода намудани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзиро танзим менамоянд. Бо итминон метавон гуфт, ки санадҳои нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷанбаи ду ҷумҳуриро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.


Сулаймон Эрматов таъкид намуд, ки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни ду давлати ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.

Бояд гуфт, ки Узбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Гуфта шуд, ки нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар таъмини муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат назаррас мебошад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳои ду давлат арзёбӣ мегардад. Имзои санадҳои нав, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшад. Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду давлат номида шуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду мамлакат ва идомаи талошҳо баҳри сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Тоҷикистон ва Узбекистон имкон доранд дар оянда ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Инчунин гуфта шуд, ки барои татбиқи лоиҳаи дар соҳили дарёи Зарафшон сохтани ду неругоҳи барқи обӣ ширкати саҳомии муштарак бунёд шудааст. Имрӯзҳо дар ҳудуди ҳарду давлат қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамоянд. Дар раванди густариши муносибатҳо ҳамкории байни минтақаҳо, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони ду давлат ва чопи муштараки китобҳои дарсӣ амри муҳим мебошад»,- гуфт Сулаймон Эрматов.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Маркази «ЭКСПО»-и Душанбе Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шуд. Инчунин Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид, ки дар рушди соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлат нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар «Кохи Борбад»-и Душанбе барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» доир гардид, ки дар он Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ин рӯзҳо ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд. Инчунин Сарони ҳарду давлати дӯст дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки бозгӯи таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлати ҳамсоя мебошад.

Сулаймон Эрматов афзуд, ки ҳамсоядорӣ аз қадимулайём яке аз фазилатҳои неки халқҳои тоҷику узбек мебошад. Дар урфият мегӯянд, ки «ҳавлӣ нахару ҳамсоя бихар». Ин ду миллат, ки ҳамсояи наздик ҳастанд, имрӯзу фардо ва дар оянда ҳам ба якдигар дасти кумак дароз намуда, зиндагӣ менамоянд.

«Имрӯз дар ҷаҳони ноустувору ноором, ки давлатҳои абарқудрат барои дунёро аз нав тақсим кардан манфиатҳояшонро аз манфиати халқҳои дигари минтақа боло мондан мехоҳанд, танҳо дар фазои дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар пеш рафтан мумкин аст»,- гуфт дар хотима ҳамсуҳбати мо Сулаймон Эрматов.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 6, 2024 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» Оқилбой Гадоев: «Эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад»