Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Апрель 29, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.

Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаоъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.

Баъди ҳисоботи шахсони масъул Сарвазири мамлакат дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ҳисоботи раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода шунида шуд.

Сипас, лоиҳаҳои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.


Аъзои Ҳукумати мамлакат ҳамчунин чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи мутақобила”-ро муҳокима намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуанд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният ва дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷамъбасти маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳатмию саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии тадбирҳои созанда ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд.

Апрель 29, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид