Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Сафири Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар Тоҷикистон таъин гардид

Август 23, 2019 17:07

ДУШАНБЕ, 23.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъин намудани  Раҳмон Озода Эмомалӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созмони мазкур бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси аъзои парламент ва талоши доимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст.

Таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ  ва уҳдадориҳои Раҳмон Озода Эмомалӣ дар роҳи рушди ҳадафҳои Созмон арзишманд хоҳанд буд.

Созмон бо иқоматгоҳи худ дар Исландия ва Белгия бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз нерӯи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

Зикр  кардан бамаврид аст, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Август 23, 2019 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон