Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Сафири Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар Тоҷикистон таъин гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созмони мазкур бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси аъзои парламент ва талоши доимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст.
Таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ ва уҳдадориҳои Раҳмон Озода Эмомалӣ дар роҳи рушди ҳадафҳои Созмон арзишманд хоҳанд буд.
Созмон бо иқоматгоҳи худ дар Исландия ва Белгия бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз нерӯи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.










35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






