Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд

Октябрь 22, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Симпозиумро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, меҳмонони ҳамоиши байналмилалиро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори симпозиум барору комёбӣ орзу карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120 — солагии давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод — “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада” дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст.

Аз замони Куруш оғоз гардида, то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои консептуалии таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи анвои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои норавшани шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таҳқиқи амиқи муқоисавию таърихиро тақозо менамоянд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кори Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” комёбиҳо орзу карданд.

Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ баъди суханронии Пешвои миллат ҳамчунин профессор Масъуди Миршоҳӣ — раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Франсия, Мария Дрожжина — мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Ромин Фарҳангӣ — раиси Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҳуммер Абрамиён — раиси фарҳангистони “Куруши Бузург”-и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд сухан гуфтанд.

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” 22.10.2019

Октябрь 22, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт