ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъмории шаҳри Душанбе кадомҳоянд?

Февраль 24, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъмории шаҳри Душанбе кадомҳоянд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои даёфти посух ба ин суол, ки аз ҷониби чанд нафар хонандагони сомонаи мо пешниҳод шудааст, бо масъули соҳа ҳамсуҳбат гардид.

Мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои бостоншиносӣ Шералӣ Хоҷаев зикр  кард, ки «ба рӯйхати ёдгориҳои меъмории шаҳри Душанбе «Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ», «Кохи Наврӯз», «Кохи Истиқлол», «Кохи Сомон», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони миллии Тоҷикистон, Парчами миллии Тоҷикистон, Қасри Миллат, Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бинои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва чанд бинои дигар шомил гардидаанд».

Ёдгориҳои монументалии шаҳри Душанбе — ин Маҷмааи Ваҳдати миллӣ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ (хиёбони Рӯдакӣ), муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (хиёбони Сино), муҷассамаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар Боғи ба номи  устод дар хиёбони Рӯдакӣ ва  саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Маҷмааи меъморӣ -монументалии С.Айнӣ (дар майдони ба номи С.Айнӣ, назди Маркази савдои «Садбарг»), Муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ (Боғи ба номи Алишери Навоӣ),  Муҷассамаи Садриддин Айнӣ (Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ) мебошанд.

Ба рӯйхати ёдгориҳои бостонии шаҳри Душанбе-Қалъаи Мир (макони ҷойгиршавӣ- Боғи Ирам), Димнаи Шишихона (маҳаллаи 82), Шаҳраки Чормағзтеппа (маҳаллаи Испечак 2), Шаҳраки Искандартеппа (буриши кӯчаи М.Маҳмадалӣ бо Карин Манн)  ворид  шудаанд.

«Бояд гуфт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барои ба рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ, меъмории ҷумҳурӣ  шомил гардидани мавзеъҳои зикршудаи дар ҳудуди  онҳо   ҷойгиршуда ба Комиссияи экспертизаи бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод манзур менамояд. Комиссияи мазкур, ки  ба ҳайати он коршиносону муҳаққиқони беҳтарини ҷумҳурӣ шомил  гардидаанд, ин мавзеъҳоро аз ташхис гузаронида, хулосаи зарурӣ медиҳанд»,- афзуд Ш.Хоҷаев.

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе нафарон  оид ба тахриб гардидани як зумра биноҳои маъмурию истиқоматӣ  дар маркази шаҳри Душанбе ва ба ҷои онҳо бунёд гардидани биноҳои бисёрошёна изҳори нигаронӣ менамоянд.

 Узви Шӯрои шаҳрсозони Душанбе Вячеслав Юлдошев,  ки умрашро сарфи пешаи меъморӣ намудаву  дар  бунёди биноҳои маъмурии пойтахт  саҳми намоён дорад,  иброз дошт, ки «ҳамаи биноҳо дар Душанбе дар соҳили чапи дарё сохта шудаанд. Биноҳои дуошёна, сетабақа ва баракҳо бояд вайрон карда шаванд. Аксарияти онҳо пӯсидаву хароб гардидаанд  ва ба заминларза тоб наоварданашон аз эҳтимол дур нест.  Муҳлати истифодаи баъзеи онҳо  кайҳо гузаштааст. Ман худ шоҳидам, ки  ҳанӯз дар  замони собиқ Шӯравӣ  тахриби чанд биноро дар маркази шаҳр ба нақша  гирифта буданд, аммо ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум сабаб шуду  ин амал ба анҷом нарасид»

Вячеслав Юлдошев ҳамчунин иброз дошт, ки «Тоҷикистон ҷумҳурии кӯҳсор аст  ва чуноне ки ҳамагон медонанд, ҳамагӣ 7%-и онро  водиҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ ҳар як ваҷаб заминро бояд самаранок истифода бурд. Зимни тарҳрезии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамин хусусият ба назар гирифта шудааст. Барои истифодаи мақсадноки замин ба  ҷои биноҳои фарсудаи як-чор қабата бояд дар пойтахт биноҳои бисёрошёна сохта шаванд».

Дар ин зимн муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, ки  «дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар пойтахт, аз ҷумла,  дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ  бунёд мегарданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ менамояд. Бо мақсади сарфакорона истифода бурдани заминҳои ҳудуди пойтахт  дар шаҳр ҳатто бунёди  таваққуфгоҳҳои  аз 1 то 6 ошёна ба нақша гирифта шудааст»,-афзуд ӯ.

М.Зувайдзода гуфт, ки дар хусуси кӯчонидани «Чойхонаи Роҳат»  ва дигар биноҳои дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгиршуда ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст.

«Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тақозо менамояд, ки  бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (собиқ бинои ДИПҶТ) тахриб карда шавад. Дар ҷои он  биноҳои бисёрошёнаи муосир  бунёд мегарданд»,- афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) тасмим  гирифтааст, ки  Лоиҳаи нави таҷрибавиро доир ба рушди иқтидор таҳти унвони «Пешгӯии шаҳрсозии устувор: Дастгирии устувори банақшагирии инфрасохтор дар шаҳрҳо» дар шаҳри Душанбе  татбиқ намояд.

Амалишавии  Лоиҳаи мазкур  моҳи августи соли 2019 оғоз гардида,  то декабри соли 2020 идома меёбад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тарҳрезии беҳтари рушди инфрасохтори устувор, идоракунии шаҳр тавассути таҳия ва истифодаи методологияи пешгӯишаванда, инчунин сармоягузорӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, инфрасохтор, баровардани эҳтиёҷоти молиявии аҳолии пешбинишуда ва иқтисодӣ кумак мерасонад.

«Шаҳри Душанбе солҳои охир дар самти рушди шаҳрсозӣ ва меъморӣ ба пешравиҳои назаррас  ноил гардидааст»,- хулоса кард Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором.

Февраль 24, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд