Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд

Апрель 25, 2024 15:44

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Моликияти зеҳнӣ дар соҳаи илму техника ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дошта, унсури рушд маҳсуб мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори илмию техникӣ тадбирҳои муассир меандешад. Инноватсия дар соҳаҳои гуногуни стратегӣ ҷорӣ карда мешавад», — иброз намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода имрӯз дар ифтитоҳи Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон, ки дар Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ин чорабинӣ.

Бино ба иттилои ӯ, Ҳукумат барои пешбурди инноватсия ва ихтироъкорӣ аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Муҳим он аст, ки навовариҳо ба соҳаҳое, чун иқтисоди «сабз», рақамисозӣ, саноат ва ғайра ворид карда шаванд.

Дар доираи форум намоишгоҳ баргузор гардид. Ба меҳмонон буклетҳо ва брошюраҳо пешниҳод карда шуданд, ки дар бораи ихтирооти сабтиномшуда маълумот медиҳанд.

Мақсади асосии форум — мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ, истифодаи ихтироот дар истеҳсолот, рушди иқтидори инсонӣ, ҷустуҷӯи механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.

«Ба ташкилоти мо 8 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил ҳастанд. Мо лоиҳаҳоро бомуваффақият амалӣ намуда, бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Мояи хушнудӣ аст, ки конфронс дар чаҳорчӯби Рӯзи моликияти зеҳнӣ, ки 26 апрел дар тамоми ҷаҳон мегузарад, баргузор мешавад. Равишҳое, ки бояд дар ҳар давлат таҳия шаванд, баррасӣ мегарданд», — гуфт Президенти Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ Григорий Ивлиев.

«Имрӯз муҳим он аст, ки ихтироъкор бе таваҷҷуҳ намонад. Дар Точикистон ин масъала яке аз имконияти муҳимтарин мебошад ва  барои татбиқи ихтироот шароит фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад на танҳо сатҳи миллии патент, балки сатҳи байналмилалӣ низ кушода аст. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор ихтироъ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳифз шудааст. Ин ихтироъҳо барои ҷаҳон муҳим буда, ба маҳсулоти тиббӣ, маҳсулоти дорусозӣ ва иртибот  дахл доранд», — изҳор намуд Григорий Ивлиев.

Лайло ТОИРӢ,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2024 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид