Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод

Апрель 2, 2020 08:37

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд. Дар қатори ин ҷавонони далеру шуҷои Ватан 32 нафар кормандони сохторҳои давлатии вилоят фарзандони худро барои иҷро намудани қарзи муқаддас дар назди Ватан-Модар ба хизмат раҳнамун сохтанд.

Маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ таҳти шиори «Ҷавонони Бадахшон – муҳофизони асили марзу буми мамлакат» сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даъватҳои пурҳикмати Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо амали ватанпарастона ихтиёран  омодагии худро барои ҳимояи марзу бум ва оромию суботи Ватанамон изҳор доштанд.

Апрель 2, 2020 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид