Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

Апрель 1, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм, ки яке аз ёдгориҳои нодири бостонӣ дар Осиёи Миёна аст, 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои пайваста ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Ин хатсайрҳо натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ буда, ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, инчунин баҳри тарғиби мавзеъҳои назаррабои мамлакат равона шудаанд», — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Бино ба иттилои масъулини Кумита, аксари хатсайрҳои сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологию кӯҳии мамлакат  таҳия гардида, бо назардошти талаботу дархости сайёҳон ва мавсими сайру саёҳат аз 6 то 15 рӯзро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, хатсайре, ки аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Чил меҳроб” таҳия гардид, аз 8 то 11 рӯзро дар бар гирифта, тавассути шаҳру минтақаҳои Душанбе – Бохтар – Ҳисор – Норак — Ромит – Панҷакент – Истаравшан – Хуҷанд — Душанбе амалӣ мегардад.

Хатсайри дигар аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Артуч” таҳия гардида, он ба самти сайёҳии кӯҳнавардӣ равона гардидааст ва аз 6 то 8 рӯзро дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, хатсайри минбаъда аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Чимтарға Тревел” таҳия гардида, тариқи минтақаҳои Хуҷанд-Панҷакент-Душанбе-Помир то 12 рӯзро ташкил медиҳад. Хатсайри дигар аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Саёҳати кӯҳҳои Фон” таҳия гардида, тавассути кӯлҳои Тоҷикистон ва кӯҳҳои Фон давоми 12 рӯз амалӣ карда мешавад.

Инчунин аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориент Адвентур” тавассути минтақаҳои Душанбе-Хуҷанд-кӯҳҳои Фон-Ҳафткӯл-Аҷинатеппа-Саразм-Помир, хатсайри шашум ҷип-тур аз тарафи  ширкати сайёҳии ҶДММ “Саёҳати кӯҳҳои Помир” тавассути минтақаҳои Душанбе-Ҳисор-Қалъаи Хумб-Вахон-чашмаи Биби Фотимаи Заҳро-Мурғоб-Қарокӯл аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Панҷакент интур” тавассути минтақаҳои Душанбе-Искандаркӯл-кӯли Аловуддин-кӯли Мутния-кӯли Калон-кӯли Чуқурак-Панҷакент-Марғгузор-Душанбе, ки 7 рӯзро дар бар мегирад, роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Саразм 5500” хатсайри дигаре таҳия гардида, давоми 5 рӯз тавассути минтақаҳои Хуҷанд-Истаравшан-Панҷакент-Искандаркӯл-Ҳафткӯл амалӣ карда мешавад. Инчунин аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Ҳафткӯл” давоми 8 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе — Искандаркӯл — Саразм- Ҳафткӯл — қалъаи Қаҳқаҳа — Хуҷанд, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Зарафшон” давоми 6 рӯз тавассути минтақаҳои Хуҷанд-Истаравшан-Ҳафткӯл-Искандаркӯл-Душанбе,  ҶДММ “Зарафшон Меҷистик Тревел” давоми 10 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе-Искандаркӯл-Панҷакент-кӯли Марғгузор-Истаравшан-Хуҷанд ва  ҶДММ “Кӯҳандиз” давоми 10 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе-Ҳисор-Бохтар-Вахш-Кӯлоб-Душанбе-Искандаркӯл-Хуҷанд-Истаравшан-Панҷакент-Душанбе хатсайрҳои нав амалӣ карда мешаванд.

Маҷмӯи хатсайрҳои мазкур дар шакли буклет бо дастгирии шарикони рушд аз нашр бароварда шуда, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ миёни дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон ба таври васеъ паҳн карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри бостонии Саразм яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна буда, 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд.

Апрель 1, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид