ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол надодани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?

Апрель 14, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо сабаби зуҳури бемории сироятии Covid-19 (коронавирус)  марзҳои байни кишварҳо баста шуда, иртиботи заминиву ҳавоӣ то муддате қатъ ва маҳдуд карда шудааст. Бинобар ин, интиқоли ҷасадҳои ҳамватанони бо марги табиӣ фавтидаи мо аз хориҷи мамлакат ба Ватан ғайриимкон гардидааст.

Бо дарназардошти ҳолати ногувори пешомада чанде аз хонандагони АМИТ «Ховар» вобаста ба ҷанбаҳои динии ин масъала бо суолҳо ба агентӣ муроҷиат намуданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АДБУҚОДИРЗОДА  ба ин саволҳо чунин посух дод:

 

— Интиқоли ҷасади фавтида аз як кишвар ба зодгоҳаш аз нигоҳи динию эътиқодӣ ҳатмӣ нест. Хосатан, дар ин рӯзҳо, ки чунин ҳолат берун аз ирода ва тавони ҷомеа мебошад. Бинобар ин,  метавонанд намози ҷанозаи майитро дар макони фавтидааш баргузор карда, дар қабристони мусалмонони ҳамон ҷо дафн кунанд.

Мутобиқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дафн кардани майит дар макони фавтидааш афзалтар аст. Чунонки дар китоби «Фатҳу-л-Қадир» роҷеъ ба ин масъала омадааст: «…Мустаҳаб ин аст, ки ҳар майите дар қабристони ҳамон шаҳре дафн шавад, ки дар он ҷо фавтидааст. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки ӯ ҳангоми зиёрати қабри бародараш Абдурраҳмон, ки дар Шом фавтида ва аз он ҷо (ба Мадина) интиқол дода шуда буд, чунин гуфт: «Агар кори дафни ту ба ман вогузор мебуд, ҷасади туро интиқол намедодам ва дар он ҷое, ки фавтида будӣ, дафнат мекардам».

Дар сурати заруру ҳатмӣ набудан, интиқоли майит кори пурмашаққат буда, сабаби таъхири дафни майит мегардад. Дар асоси суннати набавӣ ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ таъҷил намудан дар дафни майит афзалу беҳтар буда, савоб ин аст, ки майит зудтар дафн карда шавад.

Қобили зикр аст, ки хешовандону наздикони майит метавонанд аз ватани худ бо дуо ва тиловати Қуръон рӯҳи ӯро шод гардонанд. Зеро дуои хайр дар ҳаққи майит дар ҳар мавзеъ ва дар ҳар замоне пазируфта мешавад.

 Маъхазҳо: «Фатҳу-л-Қадир», ҷ. 2, с. 141; «Радду-л-муҳтор», ҷ. 3, с. 103; «Бадоеъу-с-саноеъ», ҷ. 2, с. 51.

Апрель 14, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад