30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Ватан баргардонида шуданд

Май 22, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба манзури иҷрои нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила ба Ватан баргардонидани шаҳрвандон субҳи 22 май дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати «SkyUp Airlines» аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир карантин шуда, зери муроқибати пизишкон қарор доранд.

Бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон тахлия шуданд.

Бояд таъкид намуд, дар ин росто, бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Май 22, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ризо Назарзода: «Ҷавонон гурӯҳи иҷтимоию демографӣ ва табақаи ҳассоси ҷомеа маҳсуб меёбанд». 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 1089 нафар аз COVID-19 шифо ёфта, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
АЗ КӮЗА БУРУН ТАРОВАД ОН ЧӢ, КИ ДАР ӮСТ. Мулоҳизаҳои академик Кароматулло Олимов ва доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров перомуни вокунишҳо ва бархӯрдҳои гуногун ба паҳншавии коронавирус дар кишварамон
ДАР ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ COVID-19 ҲИССА МЕГУЗОРЕМ! Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва роҳбарони корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо COVID-19 гузаронданд
ТАБИБОНРО ҲАБИБИ ХЕШ ДОНЕМ! Суханони Пешвои миллат – «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», ба табибон ва кулли мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид
COVID-19. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо гирифторони бемории коронавирус суҳбати телефонӣ анҷом дод
БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН ВА ВОРИСОНИ БУЗУРГИ СИНО ЯКТАНУ ЯКҶОНЕМ! Муроҷиатномаи варзишгарони Тоҷикистон
COVID-19. Сафари мутахассисони варзидаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Дар Хуросон 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лойқаю об тоза гардиданд
«ҲАМЕША ИҚБОЛАТ НЕК, РОҲАТ САФЕД ВА УМРАТ ҶОВИДОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Кумакҳои Пешвои миллат бо корвони иборат аз 233 мошини пурбор ба вилояти Хатлон расиданд
Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор шуд
ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон 1008 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд

Маводҳои таҳлилӣ