ХАБАРИ УМЕДВОРКУНАНДА! Шиддати беморшавӣ дар Суғд коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст, беморхонаҳо тадриҷан холӣ мешаванд

Май 20, 2020 16:06

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хушбахтона, айни замон шиддати беморшавӣ дар  вилояти Суғд коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст ва беморхонаҳо  тадриҷан  холӣ мешаванд. Гузориши мазкур зимни ҷаласаи Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, ки таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи масъули Ҳукумати мамлакат Ширин Исматуллозода баргузор гардид,  ироа   гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».  

Ҳамарӯза соати 19-00 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ  доир карда мешавад.

Дар рафти ҷаласаҳо ҳисоботи масъулини соҳа, аз ҷумла муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигора Ғаффорзода, муовини раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, муовинони раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони Марказҳои саломатӣ, роҳбарони стансияи ёрии таъҷилӣ, нозироти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, раёсати Хадамоти оташнишонӣ, созмонҳои ҷавонон  ва шӯроҳои занон шунида мешаванд.

Зимни ҷаласаи охир иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби табибон, ҳамшираҳои шафқат ва зиёда аз 900 нафар волонтёрон аз созмонҳои ҷавонон ва шӯроҳои занон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин вакилони ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши хона ба хона, ки дар тамоми шаҳр бо фаро гирифтани тамоми аҳолӣ ташкил карда шудаанд ва онҳо  самараи хуб  доданд. Аз ҷумла, беморони дарёфтшуда ҳарчӣ зудтар ба табобат фаро гирифта шуданд. Хушбахтона, айни замон шиддати беморшавӣ коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст ва беморхонаҳо оҳиста — оҳиста холӣ мешаванд.

Сафари кории муовини Савазири ҶТ Ширин Исматуллозода дар вилояти Суғд идома дорад.

Май 20, 2020 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»