Хатлон: Дар беморхонаҳои вилоят корҳои безараргардонӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ Ховар/. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 дар беморхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода иброз намуд, ки корҳои безараргардонӣ тибқи дастури Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегарданд.
«Корҳои поксозиро, новобаста аз он ки дар дорухонаҳо тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи ширкатҳои фармасевтӣ, дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ ба анҷом расонида истодаанд. Зеро ба дорухонаҳо афроди бемор бештар меоянд, ки онҳо осебпазиранд», – гуфт Маҳмадҷон Абдулқодирзода.
Бояд гуфт, ки то 27 май корҳои безараргардонӣ дар дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав пурра ба анҷом расонида шуданд.
Холо ин гуна корҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.








«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад






