Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 баррасӣ намуданд

Май 1, 2020 13:16

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 май дар Душанбе Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Кордори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кук Ҷангҳёнро ба муносибати оғоз ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамкории ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 баррасӣ шуданд.

                                             Акс аз ВКХ ҶТ

Май 1, 2020 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз натиҷаи кори Саммити Созмони ҳамкории исломӣ Эъломияи Банҷул қабул карда шуд
Дар Теҳрон машваратҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Покистон ба ташаббусҳои Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Институти ҷаҳонии рушди сабз баррасӣ намуд
Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико густариши ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд
Директори АМИТ «Ховар» дар ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар шаҳри Боку иштирок намуд
Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд
Даври сеюми машваратҳо оид ба масъалаҳои консулии Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд