Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Институти астрофизика конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 15, 2024 11:43

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии олимон ва ходимони илмии академия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти астрофизика хабар медиҳад.

Дар конференсия иброз гардид, ки   рушди илми ватанӣ зери таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳама корҳоро ба анҷом мерасонад, то илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мақоми сазоворро соҳиб гардад.

Конференсия ба табодули андешаву дастовардҳои илмӣ дар самти омӯзиши кайҳон бо мақсади осоишта равона гардида, ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии олимони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар конференсия аз ҷониби олимону ходимонии илмии институт маърузаҳо пешниҳод ва муҳокима шуданд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 15, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мянма тахмин мезананд, ки шумораи ҳалокшудагони заминларза аз 3 ҳазор нафар бештар мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи истиқомат чӣ гуна амалӣ мегардад?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Мянма ба 2056 нафар расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд
Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Аз мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 493 нафар ба сафи Артиши миллӣ мераванд