Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рамзи баҳору Наврӯз — табақи суманак гузошта шуд

Март 15, 2025 13:29

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлуи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».

Дар паҳлуи табақи сабзаи суманак  дигар ороишоти ба ин ҷашн хос   низ гузошта ва дар  атрофи он сабзаю дарахтони пургул ва сабадҳои гулҳои рангоранг насб шудаанд. Навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» ба ин макон шукуҳи тоза  бахшидааст.

Ҳамзамон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Ин рамз арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои сияҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборат буданд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардиданд.

Бояд иброз намуд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад.

Суманак инчунин ифодаи пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода намудани суманак рамзи коиноту Замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир менамояд.

Суманак намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон аст. Ҳамаи хӯрокҳое, ки барои Наврӯз таҳия мешаванд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.

Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз «Dushanbe travel»

Март 15, 2025 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ». Ин маҷмааи меъморӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодии Тоҷикистон мебошад
Тақвияти минбаъдаи робитаҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Вена баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд