Корвони наврӯзӣ ба сокинони шаҳри Душанбе навиди фарорасии иди аҷдодиро мерасонад

Март 20, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи  фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расид, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир  мегарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои  пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.

Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода  мешаванд.

Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз  Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст
Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад
Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
ПОЙТАХТ СИМОИ ДАВЛАТ АСТ. Барои вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, маориф ва илм биноҳои муосиру замонавӣ сохта мешавад
Дар Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд