2,1 миллион $-қарзи БИР барои татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии пойтахт

Декабрь 11, 2013 15:31

Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро 11 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд. Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ дар ҷараёни тавзеҳи санади мазкур дар назди вакилони Парлумони мамлакат гуфт, ки тибқи тасҳеҳ ба Созишномаи мазкур барои идомаи татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе 2,4 миллион $, аз ҷумла қарзи имтиёзнок 2,1миллион $ аз ҷониби БИР ва 0,3 миллион $ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Қарзи мазкур дар давоми Созишномаи асосии қарзи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР дар соли 2003 баста шуда, барои пурра ба анҷом расонидани қисмати 4-уми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе равона гардида, шартҳои созишнома бетағйир монда шудаанд. Муовини аввали вазири молия кишвар афзуд, ки меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ то дуюним %-и солона, муҳлати қарз то 25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол пешбинӣ гардидааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ, бехатар ва эътимоднок гардонидани он равона гардидааст. Дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур чор қисмати сохтмонӣ ва барқаросозии иншоотҳои обтаъминкунӣ ба нақша гирифта шуда буданд. Аз ҷумла, қисмати якум беҳдошт ва барқарорсозии ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва гузаронидани корҳои электромеханикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии худҷореъ, қисмати дуюм кандани чоҳҳои амудӣ дар истгоҳи обтаъминкунии фишорӣ, қисмати сеюми лоиҳа сохтмони ҳавзи нави оби тоза бо 30 ҳазор метри мукааб дар истгоҳи обтаъминкунии Кофарниҳон «КАФ-1» таҳия шудааст. Қисмати чоруми он барои барқарорсозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон «КАФ-2» равона шудааст. Ҳамзамон Шарофиддин Сироҷов — вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тасҳеҳ ба Созишномаи мазкур 2 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст ва аз ҷониби Президенти кишвар ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ироа гардидааст. Ҳадафи созишнома беҳтар намудани сатҳи обтаъминкунӣ ба аҳолии пойтахт ва барқаросозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон «Каф-2» аст.

Декабрь 11, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид