7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад

Май 7, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 май Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа маҳсуб мешавад. Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи алоқа сол аз сол ба муҳимтарин бахши самти иқтисодию иҷтимоӣ табдил меёбад, зеро алоқаи мобилӣ ва интернет ба рушди бисёр соҳаҳо таъсири бевосита доранд. Ҳамин аст, ки раҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, тамоми имкониятро муҳайё месозад, то бо ислоҳоти ҷиддӣ самаранокии соҳаи алоқаро барои ҷомеа ва давлат афзоиш диҳад. Бахшида ба ин рӯз  Хадамоти алоқаи мамлакат маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти соҳа пешниҳод менамояд.

— Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ислоҳоти соҳа заминаи рушду густариши соҳаро муҳайё сохта, аҳамияти алоқаи барқиро ба маротиб боло бурд. Яке аз ҳадафҳои раҳбарияти мамлакат бо рушди бемайлони соҳа муносиб намудани хизматрасонии алоқаи барқӣ бо шароити иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 оид ба суръат ва сифати интернет дар ҳудуди Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки «рушди соҳаи алоқа, бахусус таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Ҳамчунин баҳри фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои гуфташуда ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».

Инчунин 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” содир гардид, ки сирф хислати иҷтимоӣ дошта, бо рушди инфрасохтори алоқа ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ифода мекунад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи барқӣ беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, махсусан паст намудани арзиши интернети мобилӣ ва собит, зангҳои телефонӣ ва таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилиро дар авлавияти фаъолият хеш қарор додааст.

Бояд гуфт, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаро ҳамсон бо меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳад. Бо ин мақсад тавсияҳои Бонки ҷаҳониро ба инобат гирифта, ислоҳоти ҷорӣ бо ин тавсияҳоро ҳамоҳанг месозад.   Дар ин хусус банди аввали “Бахши телекомуникатсия ва пайвасти рақамӣ”-и Матритсаи тасдиқшудаи чорабиниҳои Лоиҳаи  “Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор”, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  комилан қобили қабул буда, дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии иҷро қарор дорад.

Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи алоқа бартараф намудани мушкилоту монеаҳо дар рушду ташаккули соҳа, муносиб намудани хизматрасониҳои алоқа ба ниёзмандиҳои ҷомеа, танзими соҳа бо меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофият, шароит фароҳам намудан барои  пайвасти мустақими операторони барқии ватанӣ бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалӣ, боло бурдани сатҳи фарогирии алоқаи мобилӣ дар мамлакат ва монанди инҳо қарор дошта,  бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ин раванд суръати тоза касб намуд.

Дар семоҳаи аввали имсол шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар соли 2024  7,8 млн нафар мебошад, ки 89,5 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳад. Аз ин 61,94 фоиз мардҳо 37,8 фоиз занҳо ва 1,91 фоиз идораву корхонаҳо мебошад. Шумораи корбарони интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн нафар мебошад.  Дастрасу муносиб гардонидани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва боло бурдани кайфияти суръати онҳо яке аз авлавияти фаъолияти масъулин соҳа мебошад. Бо афзоиши иқтидор ва зарфияти техникии  шабакаҳои мобилӣ ва алоқаи собит тамоми тарофаҳои  хизматрасонии  алоқаи барқӣ ва дастрасӣ ба интернети мобилӣ ва собит  мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ворид намудани тағйирот  дар онҳо  арзиши миёнаи тарофаҳо дар муқоиса бо моҳҳои аввали соли 2023 беш аз 100 фоиз барои муштариён паст карда шудааст.

Ҳамчунин суръати интернет яке аз унсурҳои муҳим барои истифодабарандагони интернет ба шумо меравад. Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки суръати дастрасӣ ба интернет барои  ҳар корбар соли 2024 ба 30-32 мегабайт дар сония расид. Ин дар ҳолест, ки як сол қабл суръати дастрасӣ ба интернет барои  ҳар корбар 10-20 мегабайт дар сонияро ташкил медод. Ин натиҷаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар бештар аз як соли охир аст.

Бо идомаи талошҳои масъулин суръати интернет бештар хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки зарфият ва ғунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет бо иловаи  каналҳои эҳтиётӣ ба  андозаи 400 гигабайт дар сония густариш дода шудааст.  Ин дар суратест, ки солҳои қаблӣ зарфият ва ғунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет ба маротиб кам буд. Афзоиши зарфият ва ғунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет яке аз натиҷаҳои он аст, ки операторони алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои инфрасохтори муносиб мебошанд, иҷозатномаи  барқарории пайвасти мустақим бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалиро аз Хадамоти алоқа дарёфт карданд. Хадамоти алоқа омода аст, ки дар сурати мутобиқ шудани инфрасохтори лозима ба тамоми операторони  барқӣ иҷозатнома бидиҳад.

Дастрасу муносиб гардонидани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва боло бурдани кайфияти суръати онҳоро тарофаҳое, ки аз ҷониби операторони мобилӣ пешниҳод мешаванд, исбот менамоянд. Чанд намуна аз операторони мобилӣ воқеиятро бармалотар менамояд.

“МегаФон Тоҷикистон”: Дар доираи тарофаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака дар семоҳаи аввали соли 2023 бо нархи 50 сомонӣ 1,5 ГБ трафики интернет дода мешуд. Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака ба маблағи 50 сомонӣ ба муштарӣ на камтар аз 10 ГБ трафики интернетӣ дастрас мегардад. Фарқият:  7 баробар

Ширкати ZET-Mobille: Арзиши миёнаи 1ГБ интернет дар семоҳаи аввали соли 2023 7,5 сомониро ташкил медод, дар семоҳаи аввали соли 2024   1ГБ ба 1 сомонӣ баробар гардидааст. Фарқият беш аз 7 баробар аст.

“Вавилон мобайл”: Тарофаи  МобиПакет NEW дар аввали соли 2023 7000 МБ  бо 99,1304 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки арзиши 1 Мб 0,0142 дирамро ташкил медод. Тарофа бо номи “Mobi ULTRA  Mobi ULTRA” дар соли 2024 35000 МБ бо 99,1304 сомонӣ пешкаш мешавад,  арзиши 1МБ 0,0028 ба дирам расидааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки арзиши интернет беш аз 5 баробар арзон шудааст.

Маълумоти оварда бори дигар исбот месозад, ки нишондиҳандаҳои “Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index”, ки дар мисоли Тоҷикистон нархи миёнаи тарофаҳоро бо 10 ГБ 13,77 доллар, яъне тақрибан 150 сомонӣ гуфта буд, комилан беасос ва дур аз воқеият аст.

Дар зимн, тавре ҷомеа огоҳ аст,  қаблан Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронӣ ва мухолифати худро ба талошҳои бархе операторони мобилӣ барои  боло бурдани тарофаҳои алоқаи барқӣ аз тариқи ВАО изҳор намуда буд. Хадамоти алоқа ба сифати мақоми ваколатдори соҳаи алоқа  ба мавқеи худ такроран таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад. Хадамот бар ин назар аст, ки ширкатҳои мобилӣ бояд нархҳои мавҷударо паст карда, сифати хизматрасониро беҳтар кунанд, на ин ки нархҳоро бо баҳонаи иҷораи бино ва арзиши неруи барқ бештар намоянд.

Дар заминаи ислоҳоти соҳа соли 2023 1045 исгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ насб ва таҷдиду навсозӣ гардиданд. Дар се моҳи аввали соли 2024  65 исгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ насб шудааст. Ҳамчунин соли 2023 505,5 километр хатти нахи нурӣ кашида шудааст. Ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали соли 2024 67 кмро ташкил медиҳад.

Таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дода мешавад. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бо нуфузи байналмилалӣ маҷмуан  8 ҳазор истгоҳи базавии алоқа таҷдиду навсозӣ мегардад. Ба далели ҷуғрофияи кӯҳистонии мамлакат дар муқоиса бо тамоми кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини пӯшиши радиоии алоқа мушкилтар буда, сарфи маблағи зиёд талаб мекунад. Барои таҷдиду навсозии  1 истгоҳи базавии алоқа чандин ҳазор доллар масраф мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони мобилӣ  самти ислоҳоти соҳаро ҷиддан идома медиҳад.

Гузашта аз ин иҷозатномадорони алоқаи барқӣ бо ташаббусу мусоидати Хадамоти алоқа дар истгоҳҳои базавӣ генераторҳо, дизелҳо ва аккумуляторҳоро марҳила ба марҳила насб карда истодаанд. Ҳадафи он таъмини истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо  қувваи барқ дар ҳама фаслҳои сол мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби ширкати ТСЕЛЛ 500 аккумулятор барои фаъолияти бемайлони  истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ харида шуда, ба истифода додани онҳо идома дорад.  Айни ҳол чандин адади онҳо дар истгоҳҳои базавии алоқаи барқии шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва дигар навоҳии мамлакат насб шуданд.  Дар ин замина тамоми операторони  алоқаи барқӣ  бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи дизел-генератор ва аккумуляторҳо шартнома ба имзо расонида то охири моҳи майи соли ҷорӣ дастрас ва ба истифода дода мешаванд. Ин иқдом яке аз талошҳои омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 низ арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин ҷиҳати санҷиши сифати алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва таъмини алоқаи барқии муваққатӣ дар замону макони лозимӣ аз ҷониби ҳар оператори мобилӣ 2 истгоҳи сайёри базавии алоқаи барқӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор доранд.

Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид ва баъд аз иҷрои муқаррароти қонунӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 19 апрели соли 2023 қабул шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодаи имконияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ», қабули якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ таҳия ва барои қабул ба парламенти мамлакат пешниҳод шуда буд.

Тасвиби ин қонун ба рушди соҳаи алоқа такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқиро бо назардошти талаботи муосир фароҳам месозад. Ҳадафи дигари қабули қонуни нав таҳкими хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ, таҳкими ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадор ва истифодабарандагони соҳаи алоқаи барқӣ, таъмини рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи субъектони соҳа, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ шарҳ дода шудааст.

Хамадоти алоқа бо мақсади навсозӣ ва ислоҳоти соҳа дар ду соли охир робитаҳои байналмилалиро афзоиш дода, бо чандин ширкатҳои байналмилалии марбут ба соҳа ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Чунончӣ, моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар доираи ин Ёддошти ҳамкорӣ ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) амалӣ шуда истодааст. Пештар аз ин байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати русии «Цифра» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ҳамчунин моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар доираи муқаррароти ин Ёддошти ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки таҳқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад.

Дар аввали соли 2024 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду ширкати байналмилалӣ, ки дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият  мекунанд, ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.  Ин ширкатҳо Hytera ва Baicells буда, дар арсаи байналмилалӣ барои корбурд ва истеҳсоли технологияи алоқаи барқӣ, махсусан ҷорӣ намудани шабакаи насли панҷум (5G), ҷойгоҳ ва мавқеи барҷаста доранд. Бо назардошти зарфияти ин ширкатҳо Хадамоти алоқа ҳавасмандӣ нишон дода, бо онҳо ёддоштҳои ҷудогонаи тафоҳум имзо намуд.

Ҳамаи дастоварду пешравиҳои соҳаи алоқа нишон медиҳад, ки ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ҳоли рушду такомул аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ  бо дарки рушди бемайлони алоқаи барқӣ  ва аҳамияти ҳаётии он пайваста дар талоши ислоҳоти соҳа ва баҳрабардории судманд аз он мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Май 7, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд
Нақши Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақамигардонӣ ва тарғиби санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад