ҲАМКОРИИ ОЛИМОНИ ТОҶИКИСТОНУ ФАРОНСА

Август 28, 2008 11:27

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев). – Дар расадхонаи Пажӯҳишгоҳи ситорашиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор таҷҳизоти нави таҳқиқи ҷирмҳои кайҳонӣ насб карда шуд. Дар насби таҷҳизоти нав ба олимони тоҷик мутахассисон ва олимони Фаронса Кристиан Бурдей, Силваин Булей ва Жулен Амори кӯмак расонданд. Онҳо мувофиқи созишномаи соли гузашта имзошуда дар Тоҷикистон ду ҳафта кор карданд. Меҳмонон дар ин муддат ба ноҳияи Мурғоб рафта, бо фаъолияти расадхонаи дар ин ҷо буда шинос гардиданд. Тарзу усули кори олимони ситорашиноси тоҷик ва дастовардҳои онҳо олимони Фаронсаро ба ваҷд овард. Зимни мулоқоти хотимавӣ дар Душанбе паймон карда шуд, ки мутахассисони Фаронса ба олимони тоҷик барои насби таҷҳизоти нав дар расадхонаи ноҳияи Мурғоб кӯмак мерасонанд. Фаронса ба Пажӯҳишгоҳи ситорашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бобати тайёр намудани мутахассисони ҷавон низ кӯмак мерасонад. Бояд гуфт, ки чанде пеш корманди ҷавони Пажӯҳишгоҳи ситорашиносӣ Фирӯза Раҳматуллоева аз Фаронса ба Тоҷикистон баргашт. Вай дар давоми чор моҳ дар расадхонаҳои Фаронса таҷриба омӯхт.

Август 28, 2008 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд