ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ФАЗОИ МАДРИД
Мадрид, 26 август. ( АМИТ «Ховар», Нюсру.Ком).- Яке аз мусофирони бар асари фалокати ҳавопаймои ширкати Испания зиндамонда ба хабарнигорон гуфт, ки вай ва мусофирони дигар дар аввал дар тарафи яке аз двигателҳои ҳавопаймо алангаи оташро мушоҳида кардаанд. Баъди чанд лаҳза дар ҳавопаймо таркиш ба амал омад ва он ба замин афтод. Мусофири мазкур изҳор намуд, ки ҳавопаймо баъди аз сатҳи замин 200 метр баланд шудан ба фалокат дучор шуд. Ба қавли мусофирони зиндамонда, ҳавопаймо якбора ба замин наафтода, балки сарнишинон мехостанд, онро фуруд оранд. Вале ба ақидаи коршиносон, танҳо оташ гирифтани двигател сабаби ба замин афтодани ҳавопаймо намегардад. Ин ҷо бештар имконияти амалиёти террористӣ ба назар гирифта мешавад.Бар асари ин фалокат 153 нафар ҳалок ва 19 нафари дигар маҷрӯҳ шуд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






