ФАЛОКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ – ДАНҒАРА — КӮЛОБ

Август 26, 2008 15:39

    26 август. (АМИТ «Ховар»,  Темур  Бандишоев). – Аз  Раёсати  бозрасии  давлатии  автомобили  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  дирӯз  бар  асари  як  фалокати нақлиёт  дар  роҳи  мошингарди  Душанбе – Данғара — Кӯлоб  10  нафар   ҳалок  шуд. Хабар  дода  мешавад, ки  25  август соати  14 – у  25  дақиқа ронандаи  мошини  сабукрави  «Дайво» Маҳмадалӣ  Раҳматови 27 – сола  дар  километри  132 –юми  роҳи  мазкур  бо  сабабҳои  номаълум  мошинро   идора  карда  натавонист ва  ба  хати  ҳаракати  муқобил  баромад. Дар  натиҷа  мошини  ӯ  бо  мошини  сабукрави  «Жигули» бархӯрд,  ки  онро  сокини  44 — солаи   ноҳияи  Фархор  Қадамшоҳ  Шарифов  идора  мекард.             Бар  асари ин  фалокат  ҳар  ду  ронанда  ва  8  мусофири дигар  ҳалок  шуданд. 2  нафари онҳо  бачагони  хурдсол  мебошанд.  Ду  мусофир  бо  ҷароҳатҳои  вазнин  ба  шифохона  фиристода  шуданд.             Фалокати  дигар  дар  ноҳияи  Рӯдакӣ  рух  дод. Ронандаи  мошини   сабукрави  «Нексия»  Шӯҳрат  Раҳмонови  21 – сола  дар  кӯчаи  Ҷавонии  деҳкадаи   Сомониён  ҳаракат  карда,  3  пиёдагарди  навраси  солҳои таваллудашон  1992 ва  1993 – ро пахш  кард. Ду  нафари онҳо дар  ҷои  воқеа  ҳалок  шуданд,  нафари  сеюм  ба  шифохона  фиристода шуд.           Кормандони  Бозрасии давлатии  автомобил  ин  воқеаҳоро  тафтиш  мекунанд.

Август 26, 2008 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд