МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ВА ХУ ТСЗИНТАО БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТҲОИ ВАСЕЪ

Август 27, 2008 11:40

Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.Ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва натиҷаҳои намоёни равобити байни сохторҳои дифоии ду кишвар ва болоравии ҳаҷми тиҷорати байниҳамдигарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Нақши роҳи мустақими мошингарди байни Тоҷикистону Чин аз тариқи Кулма дар болоравии ҳаҷми додугирифти молу маҳсулот бузург  маънидод гашт.Татбиқи босифату босуръати лоиҳаҳои бузурги муштарак оид ба сохтмони роҳҳои мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ ва умуман иштироки беш аз 80 ширкати чинӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон боиси қаноатмандии махсуси сарони ду давлати ҳамсоя шуд. Таъкид гардид, минбаъд ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои телерадиокоммуникатсия, саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷ ва истифодаи ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданок ва ҳамчунин дар бунёди нерўгоҳҳои обию ҳароратӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба болоравии боз ҳам бештари нуфузи эътибори созмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва таҳкиму тавсиаи ҳамгироиҳои байни аъзои он мусоидати фаъол мекунад.

Август 27, 2008 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад