НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Август 23, 2008 10:36

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки то 15-уми июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумхурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалахои умдаву ҷиддитари ҳаёти рӯзмарраи аҳолии ин давлатҳо гардид. 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин сарони кишварҳои Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи назди сарҳад ва 24-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро имзо намуданд. Дар ин миён ҷумҳурии Точикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомиаи ҷаҳонӣ, ки чанд сол пеш дар баробари Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон шомили Иттиҳоди Шӯравӣ буд, барои густариши муносибатхои дӯстона бо ин давлатҳо ва Чин ташаббус нишон дод ва сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз бунёди чунин фазои ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ин ҳамоишҳо мавқеи Тоҷикистонро ба таври мусбат муайян намуд, ки аз нигоҳи коршиносони умури сиёсӣ ифодаи сатҳи баланди дипломатияи давлати тозабунёди Тоҷикистон ва падидаи неки сиёсати хориҷии роҳбарияти кишвар маънидод мегардад. Чун ба таърихи мавҷудияти Панҷгонаи Шанхай ва дар заминаи он таъсис ёфтани Созмони Ҳамкории Шанхай руҷӯъ мекунем, таваҷҷӯҳи моро пеш аз ҳама мӯҳтавои созишномаҳои мазкур ба худ ҷалб мекунад. Яъне чӣ омил ва ё зарурат пеш омад, ки сарони Русияву Точикистон, Қазоқистону Қирғизистон, дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳз дар бораи таҳкими эътимод ва коҳиш додани нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадӣ созишнома имзо карданд. Маълумоти таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки масъалаҳои марбути марз дар байни ин кишварҳо ҳанӯз дар нимаи дуюми асри гузашта, яъне замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омада буд ва яке аз мавзӯъҳои асосии муносибатҳои ин давлатҳо ба шумор мерафт. Омӯзиши таърихи муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин хулосае пеш меорад, ки ин давлатҳо дар самти ба пуррагию комилан ҳал кардани масъалаҳои марбути марз бо вуҷуди саъю талошҳои беш аз 30-сола муваффақ нагардиданд ва ҳалли ин масъала дар замони соҳибистиқлолии кишварҳои собиқи Шӯравӣ барои ҳарду ҷониб зарурати таърихӣ ва аҳамияти бештар пайдо кард. Ҳамин тариқ, 26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Русияву Чин, Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон Панҷгонаи Шанхай ба вууд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои Панҷгонаи Шанхай – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 — 26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид ва дар ин ҳамоишҳо ҷониби Точикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо камоли масъулияти давлатдорӣ ширкат ва барои густаришу тавсеаи ҳамшарикии давлатҳо ташаббус нишон медод. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи Панҷгонаи Шанхай густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд. Мулоқоти навбатии Паймони Панҷгонаи Шанхай дар Душанбе пеш аз ҳама ба тавсеаи фаъолияти он мусоидат намуд ва хусусияти фарқкунандаи ин ҳамоиш боз дар он буд, ки идеяи таъсиси Созмони Хамкории Шанхай маҳз дар Душанбе ба вучуд омад. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ раиси ҳамонвақтаи Чин Сзян Сземин, Президенти ФР Владимир Путин ва сарони кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва ба ҳайси мушоҳид президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ширкат намуда, ба дастовардҳои Тоҷикистон ва сатҳи омодагиву баргузории мулоқот баҳои баланд доданд. Дар ин мулоқот сарони кишварҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, проблемаҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ карда, ба Эъломияи Душанбе имзо гузоштанд, ки дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Панҷгонаи Шанхайро муайян карда, дар марҳилаи ташаккули созмон аҳамияти бағоят бузург дорад. Дар оғози қарни 21 мамолики гуногуни сайёра бо мақсади истифодаи самарабахши имкониятҳои таърихӣ, ҳамоишу ҳамгироӣ ва иттиҳоду ҳамшарикии байнидавлатию байналмилалиро тавсеа бахшида, дар ин замина барои рафъи таҳдиду хатарҳои нав, ҳамчунин таҳкими амнияти минтақавию чаҳонӣ саъю талош меварзанд. Амалӣ сохтани ин тадбирҳо аз ҷумлаи масоиле буд, ки дар мулоқоти навбатии сарони кишварҳои аъзои Панҷгонаи Шанхай баррасӣ гардид. Ин мулоқоти таърихӣ даҳаи дуюми моҳи июни соли 2001 дар Шанхай баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили баррасишаванда мулоҳизаронӣ карда, ба сатҳи сифатан нав бардоштани доира ва механизми фаъолияти Панҷгонаи Шанхайро зарурати таърихии муносиботи давлатҳои аъзо маънидод кард. Сарони кишварҳои дигари Панҷгонаи Шанхай низ ба ин мавқеъ мувофиқ буданд ва 15 июн Эъломияи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳурии Қазоқистон, ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷумхурии Ӯзбекистон, ки то ин вақт ба ҳайси мушоҳид пазируфта шуда буд, ба имзо расид ва ҳамин тавр таъсиси Созмон расман эълон карда шуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим, аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай пеш аз ҳама таҳкими робитаҳои дӯстона ва анъанаҳои неки ҳамсоягиву эътимоди кишварҳои аъзо, тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин такон бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, маорифу муҳити зист ва дигар бахшҳои афзалиятнокии ҳаёти ҷомеа буда, саъю талоши муштарак дар роҳи таҳкими амният ва сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон, мусоидат ба ташаккул ва бунёди низоми нави байналмиллалии демократӣ, ва аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ адолатнок аз мақсадхои асосию стратегии он ба шумор мераванд Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай инчунин ба Аҳдномаи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва сепаратизм имзо гузошта, оид ба натиҷаҳои мулоқот иттилоия интишор намуданд. Шумули Тоҷикистон ба чунин як созмони мӯътабар ва ба раванди ташаккули он саҳмгузор будани кишвари мо собитгари сиёсати дурусту оқилона ва стратегии роҳбарияти давлату ҳукумат, махсусан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, яке аз омилҳои асосии таҳкиму тақвияти эътибори ҶТ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай соле як маротиба мулоқот карда, муҳимтарин масоили ҳамкории кишварҳо ва проблемаву мушкилоти минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ мекунанд. Баъди мулоқоти соли 2001 дар шаҳри Шанхай сарони кишварҳо моҳи июни соли 2002 дар Санкт – Петербург, моҳи майи соли 2003 дар шаҳри Маскав, моҳи июни соли 2004 дар шаҳри Тошканд, моҳи июли соли 2005-ум дар шаҳри Остона, моҳи июни соли 2006 дар Шанхай ва моҳи августи соли 2007 дар Бишкек вохӯрӣ намуда, як қатор ҳуҷҷату санадҳои муҳимро ба имзо расониданд. Дар ин муддат мақоми иҷроияи Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис ёфта, робитаҳои он бо созмону ташкилотҳои мӯътабари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва ғайра самараҳои нек овард ва давлатҳои гуногуни минтақа ба монанди Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Муғулистон ба ҳайси нозир пазируфта шуданд. Чунин дигаргуниҳои куллӣ дар ташаккули Созмони Ҳамкории Шанхай ба густариш ва самаранокии ҳамкории давлатҳои аъзои созмон ва минтақа мусоидат мекунад ва бояд гуфт, ки Точикистон ҳамчун узви комилхуқуқи созмони мазкур аз чунин имконият оқилонаву самаранок истифода мебарад. Таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай ва фаъолияти самарабахши он собит менамояд, ки воқеан ҳам чун давлатҳо аҳди дӯстӣ баста, ҳамгироиву шарокатро асоси муносибату ҳамкорӣ қарор медиҳанд, ҳама гуна мушкилот ҳалли худро меёбаду манфиат ва мавқеи ягон ҷониб сарфи назар намешавад, халқу миллатҳои гуногун танҳо дар фазои дӯстиву эътимод зиндагӣ менамоянду барои рафъи мушкилоти якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва боиси фараҳмандист, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ бо кулли кишварҳои сулҳпарвари сайёра муносибату робитаҳояшро то рафт тавсеа мебахшад.

Август 23, 2008 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд