ЗАХИРАИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН НИҲОЯТ ФАРОВОН АСТ

Август 21, 2008 14:22

Нерӯи барқро дар дарёҳои Зарафшон, Вахш, Панҷ ва ғайра истеҳсол кардан мумкин аст. Тоҷикистон имрӯз имконият дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқро ба 40 ҳазор мегаватт расонад. Вале айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4 ҳазор мегаватт қувваи барқ истифода бурда мешаваду халос. Р.Шарма зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи энергетика ҳамроҳи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқии молиявӣ барномаҳои гуногуни энергетикиро амалӣ месозад. Мавсуф дар бораи вазъи имрӯзаи соҳаи энергетика сухан ронда, таъкид кард, ки сокинони мамлакат зимистони оянда аз нарасидани қувваи барқ танқисӣ намекашанд. Аввалан сатҳи оби обанбори Норак айни ҳол нисбат ба соли гузашта хеле баланд аст, баъдан тақсимоти об ҳамарӯза назорат карда мешавад. Илова бар ин Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар бораи интиқоли газ қарордод имзо кардааст, гуфт дар хотима Р. Шарма.

Август 21, 2008 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид