ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ НАТО ЯК СОЛИ ДИГАР ДАР АФҒОНИСТОН БОҚӢ МЕМОНАНД

Сентябрь 24, 2008 11:13

Кобул, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс.). — Шӯрои амнияти СММ мӯҳлати фаъолияти қисмҳои ҳарбии байналхалқии мусоидат ба сулҳи Афғонистонро як соли дигар дароз кард. Акнун қисмҳои ҳарбии мамлакатҳои аъзои НАТО дар ин мамлакат то 12 октябри соли оянда боқӣ хоҳанд монд. Ҳамаи 15 аъзои Шӯрои амнияти СММ ба тарафдории карори мазкур овоз доданд.

Сентябрь 24, 2008 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш