ҚОТИЛ ДАСТГИР ШУД

Сентябрь 23, 2008 16:51

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони милиса дар натиҷаи амалиёти фаврӣ сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдусалом Одинаеви 33-соларо дарстгир карданд, ки пеш бо моддаи 244 ҳабс шудааст. А.Одинаев ба куштори сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Лидия Азизоваи 52-сола гумонбар мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ҷасади Л. Азизова 18 сентябри соли 2008 соати 14 аз канали обгузари ҳудуди шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур ёфт шуда буд. Дар натиҷаи ташхиси криминалистӣ муайян карда шуд, ки Л. Азизова бар асари лату кӯб ба ҳалокат расидааст.

Сентябрь 23, 2008 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст