БИНОҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

Сентябрь 10, 2008 10:03

Хоруғ,    10 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додоев). –  Дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ободкорию  бунёдкорӣ  ба  шарафи  солгарди навбатии  истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  давом  доранд. Дар ин  ҷо  сохтмони  биноҳои  истиқоматӣ,  муассисаҳои  илмӣ,  маърифатӣ  ва  варзишӣ  босуръат  давом  дорад.       Сардори  шӯъбаи  сохтмони  асосии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   вилоят  Муҳаббат  Раҳматов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  арафаи  Иди  истиқлолият  аз  ҳисоби  маблағҳои  марказонидашудаи  буҷети  давлатӣ  бинои  омӯзишгоҳи  касбҳои  техникии  деҳаи  Навободи  ноҳияи  Шуғнон  ва  бинои  мактаби  миёнаи  рақами  35  деҳаи Гармчашмаи  ноҳияи  Ишкошим   ба  истифода  дода шуданд.        Дар  рӯзи  Иди  истиқлолият  бинои  мактаби  миёнаи  рақами  34 – уми  деҳаи  Баравни ноҳияи  Ванҷ  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифт. То  охири  моҳи  сентябр  биноҳои  мактаби  миёнаи  рақами  сеюми  деҳаи  Намадгут ва деҳаи  Систи  ноҳияи  Ишкошим,  мактаби  миёнаи  рақами  30 – юми деҳаи  Чихоҳи  ноҳияи  Ванҷ,  мактаби   деҳаи  Нисури  ноҳияи  Рӯшон ва  бинои  маркази  саломатии   деҳаи Навободи  ноҳияи  Шуғнон  ба  истифода  дода  хоҳанд  шуд.

Сентябрь 10, 2008 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд