ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН АЛОМАТҲОИ САРҲАДӢ ГУЗОШТА ШУДАНД

Сентябрь 23, 2008 15:10

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Давлатзода). – Рӯзи  шанбеи  гузашта  дар   гузаргоҳи  сарҳадии Қулма  дар  сарҳади  давлатии  Тоҷикистону  Чин  ба  муносибати   насби  теъдоди  зиёди  аломатҳои  сарҳадӣ  ҷамъомади  ботантана  баргузор  гардид.  Дар  ҳузури  ҷамъмомадагон аз рӯи  қисми  зиёди  аломатҳои  сарҳадӣ   парда  бардошта  шуд. Марзбонони  тоҷик  ҳамроҳи  ҳамкасбони чини худ  дар давоми   чор соли  гузашта  барои   муқаррар  намудани  хати  сарҳад  корҳои  зиёдеро  ба  сомон  расонданд. Баландии  гузаргоҳи  сарҳадии  мазкур   аз  сатҳи  баҳр   4365   метр  мебошад.             Мухбири  АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, ки  дар  ин  ҷо   зиёда аз  сад   аломати  сарҳадӣ  гузошта шуд.

Сентябрь 23, 2008 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст