ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДИЁРИ РӮДАКӢ

Сентябрь 10, 2008 16:17

Панҷакент, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои иштирок дар ҷамъомадҳои ботантана ба муносибати 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ба Панҷакент омад. Вай зимни сафар мақбараи Одамушшуароро дар деҳаи Панҷрӯд зиёрат карда, дар гирдиҳамоии серодам ба шарафи ҷашни устод Рӯдакӣ ва ифтитоҳи мақбараи ӯ баъди тармиму таҷдиди кӯлли ширкат варзид. Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронӣ аз ҷумла гуфт: « Устод Рӯдакӣ ҳамчун қаламкаши пуртаҷриба назми классики тоҷику форсро таҳкурсии забони модарии мо — забони тоҷикӣ қарор дод. Маҳз барои ҳамин мову шумо имсол дар радифи 1150 – солагии Абӯабдуло Рӯдакӣ Соли забони тоҷикиро таҷлил менамоем. Ба ақидаи ман, ин шаҳодати равшани бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ, назми Рӯдакӣ ва робитаи ногусастании онҳо мебошад» . Сардори давлат зикр кард, ки мақбараи Рӯдакӣ яке аз ёдгориҳои муҳимтарини таърихи гузаштаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Мақбара имрӯз баъди тармими куллӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза қомат афрохт. Мақбараи нахустини устод соли 1958 сохта шуда буд. Онро соли 1999 ба муносибати 1100- солагии давлати Сомониён тармим карда буданд. Вале мақбара ба талаботи замон ва анъанаҳои меъмории ниёгони мо мувофиқат намекард. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки оромгоҳи шоир мувофиқи анъанаҳои меъмории асри даҳуми даврони мо ва талаботи давраи истиқлолияту давлатдории тоҷикон аз нав сохта шавад.

Сентябрь 10, 2008 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ