ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН БА МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ОСИЁ ТАЙЁРИ МЕБИНАД

Сентябрь 26, 2008 15:38

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони то 19- солаи Тоҷикистон ба тайёрӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии мамлакатҳои Осиё шурӯъ намуд. Аъзои дастаи мунтахаб айни ҳол дар майдони варзишии шаҳри Норак машқ мекунад. Мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои мунтахаби футболи Осиё аз 31 октябр то 14 ноябр дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Инчунин футболбозони ҷавони тоҷик давраи тайёриро ба мусобиқа дар Туркия мегузаронанд. Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба гурӯҳи «С» дохил карда шудааст. Ба ин гурӯҳ инчунин дастаҳои мунтахаби Чин, ҶХДК ва Лубнон шомиланд. Дар мусобиқа 16 даста иштирок мекунад. Ин дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд.

Сентябрь 26, 2008 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст