ХОРУҒ БА ШАҲРИ ЗАМОНАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Сентябрь 10, 2008 10:07

 Хоруғ, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев). — Мақомоти дахлдори маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ барои ободу зебо гардонидани маҳалҳои истиқоматӣ тадбирҳои самарабахш меандешанд. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони чандин бинои нав давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раиси шаҳр Мулкамон Назаралиев чанд рӯз пеш бо мақсади ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар дар роҳҳои дохили шаҳр ва пешгирӣ намудани харобшавии роҳу кӯпрукҳо қарори махсус қабул намуд. Мувофиқи қарор ҳаракати мошинҳои вазнин, пурбор ва пуриқтидор дар роҳҳои дохили шаҳр манъ карда мешавад. Раиси шаҳр зимни мулоқоташ бо кормандони шӯъбаи бозрасии давлатии автомобил, муассисаҳои нақлиётӣ, ҳифзу муроқибати роҳҳо ва терминали Хоруғ зикр кард, моҳҳои охир дар натиҷаи бепарвоию бемасъулиятии баъзе кормандони муассисаҳои нақлиётӣ ва бозрасии давлатии автомобил роҳу кӯпрукҳои дохили шаҳр бар асари рафту омади мошинҳои пурбор хароб гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳаракати нақлиёти пуриқтидори ҳаҷми борбардориашон аз 40 тонна зиёд дар дохили шаҳри Хоруғ расман манъ карда шудааст. Вале чунин мошинҳо бо мусоидати баъзе кормандони хадамоти гумрук, БДА ва муассисаҳои нақлиётӣ аз дохили шаҳр мегузаранд. Вай зикр кард, ки дар баъзе қитъаҳои роҳи мошингард то 4-5 сантиметр ва бештар аз ин фурӯ рафтааст. Тавре ки маълум аст, дар шароити ВМКБ барои тармими роҳ маблағи хеле калон зарур мебошад. Мошинҳои пурборро асосан соҳибкорону тоҷирон истифода мебаранд. Ҳол он ки онҳо дар тармиму таҷдиди роҳҳои мошингард умуман саҳм намегузоранд. М.Назаралиев ба кормандони БДА супориш дод, ки қарори зикршударо ҳамаҷониба иҷро кунанд.

Сентябрь 10, 2008 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад