ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИҶЛОСИЯИ СААД

Сентябрь 6, 2008 11:13

Субҳи рӯзи 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскав рафт. Дар шаҳри Маскав сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон ҷамъ омаданд. Хотиррасон мекунем, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Белорусия, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон шомиланд. Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ роҷеъ ба маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣю техникӣ табодули назар карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимарониҳо, аз ҷумла таъкид кард, ки афзун гардондани самараи фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими имрӯза мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму густариш додани ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣю техникӣ, ҳамгироиӣ дар мубориза ба муқобили терроризм ва хусусан истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ маънидод кард. Сарони давлатҳо зимни нишастҳои расмӣ аз рӯйи натиҷаҳои он Эъломияи хотимавӣ ва санадҳои дигарро оид ба ҳамкории ҳарбӣю сиёсӣ ва ҳарбӣю техникӣ, амнияти иттилоотӣ, омодасозии кадрҳои барои сохторҳои қудратӣ ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қабул намуданд. Шоми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафар аз шаҳри Маскав ба Ватан баргашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Сентябрь 6, 2008 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст