КӮМАКИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ БА НИЁЗМАНДОН
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат ба муносибати рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии ниёзмандон, Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ бошандагони хона- интернати ноҳияи Темурмаликро бо маводи ғизоӣ таъмин намуд. Маводи ғизоиро, ки аз қабили шакар, биринҷ, макарон, намак, равған ва орд иборат буд, раиси иттифоқҳои касабаи вазорат Абдувоҳид Касиров ва мушовири вазир Муҳобулло Ҳамидуллоев ба бошандагони хона- интернат расониданд. Кӯмаки дигар, ки аз сару либоси гарми зимистона иборат аст ва маблағи он 6750 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, то рӯзи иди Рамазон ба бошандагони ин хона- интернат расонида мешавад.








Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






