МУЛОҚОТҲОИ ДУҶОНИБАИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ НЮ-ЙОРК
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин якчанд вохўриҳои судманди дуҷониба анҷом дод. Бегоҳии рўзи 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.Роберт Золлик аз имкони вохўрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: — «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерўгоҳи обии Роѓун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерўгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугўйи судманд анҷом доданд.Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.Зимни гуфтугўйи пурмўҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су оид ба роҳҳои густариш додани ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд гуфтугўйи пурмўҳтаво сурат гирифт.«Тоҷикистон Кореяро шарики боэътимоди худ дар минтақа медонад», изҳор дошт дар оѓози сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати он барои дастгириҳои пайвастаи кишвари мо арзи сипос намуд.Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су изҳор дошт: «Тоҷикистон натанҳо кишвари зебо аст, балки дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, дар чорсуи Шоҳроҳи таърихии Абрешим қарор дорад».Эмомалӣ Раҳмон ва Хан Суюнг-су изҳори боварӣ намуданд, ки технологияҳои пешқадами Корея ва захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон бо нерўи зиёди кориаш заминаи мусоиди ҳамкорӣ барои ду кишвар фароҳам месозанд.Гуфтугўйи судманд оид рушди ҳамкориҳои дар бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, электроника, телерадиокоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.Хан Суюнг-су аз рўзгор ва фаъолияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Корея ҳамчунин баҳри густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ бо кишвари ҳавасманд аст.Эмомалӣ Раҳмон Хан Суюнг-суро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.Дар вохўрӣ бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс ҳолати имрўза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба миён гузоштанд.Зимни сўҳбат атрофи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ ва робитаҳо бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ гуфтугў сурат гирифт.Мусоҳибон ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афѓонистон ва дурнамои он ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ мубодилаи афкор намуданд.Дар мулоқот бо Шоҳзодаи Нидерланд Вилям Александр оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар ва тадбирҳои муштараки онҳо, ки баҳри ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ амалӣ мегарданд, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Нидерланд яке аз шарикони намоён ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ва Тоҷикистон аз ҳамин гуна шарикони Нидерланд дар Осиёи Маркзазӣ арзёбӣ гардид.Дар вохўрӣ бо Президенти Созмони байналмилалии ѓайриҳукуматии «Волд Вижн» Дин Хирш масоили ба роҳ мондани ҳамкории он бо Тоҷикистон баррасӣ гардид.Таъкид гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти он дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буда, дар минтақаи мо айни ҳол бо кишварҳои Узбекистон ва Афѓонистону Покистони ҳамкории намоён ба роҳ мондааст.Ҳамчунин таъкид гардид, ки Созмони байналмилалии ѓайриҳукуматии «Волд Вижн» бештар таҳти сарпарастии СММ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла баҳри ҳифзи саломатии модарону кўдакон саҳгузорӣ мекунад.Мулоқоти пурмўҳтавои дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура анҷом дод.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО баҳри дастгирии намоён аз чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷлили 1150-солагии одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар сатҳи ҷахонӣ арзи сипос кард.Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарѓибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугўйи судманд анҷом доданд.Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгўйи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори фарҳангию таърихии Тоҷикистон корҳои намоён ба сомон мерасанд.Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода – телефонӣ аз шаҳри Ню-Йорки ИМА иттилоъ дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






