МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ ПАН ГИ МУН
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун Дар вохўрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаю барномаҳои гуногуни он баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, ба он баҳри дастгирии Тоҷикистон дар бартараф кардани оқибатҳои зимистони вазнини гузашта арзи сипос намуд.Гуфтугўйи судманд оид ба дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла баҳри сохтмони нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ баҳри натиҷагирӣ аз татбиқи нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт», ки бояд соли 2010 дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад, ёдовар шуда, Пан Ги Мунро даъват намуд, ки дар он иштирок намояд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, Маркази муштараки ЭСКАТО ва ЕЭК-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ ҷойгир кунад.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афѓонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир гуфтугў сурат гирифт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






