МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «ТЕТИС-ПЕТРОЛИУМ» ДЕВИД РОБСОН
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон Дар вохўрӣ Девид Робсон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рафти корҳои омўзишию ҷустуҷўйӣ дар конҳои газу нафти Комсомол ва минтақаҳои Балҷувону Кўлоб ахбор дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки то охири соли равон аз кони Комсомол бояд истихроҷ оѓоз ёбад ва гази он ба таъминоти шаҳри Душанбе равона гардад. Ба гуфти ў баҳри вусъат додани корҳо дар ҳамаи минтақаҳои номбурда воридшавии техникаю таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати ҳаётан муҳими ин навъи сўзишворӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии Тоҷикистон роҳбари ширкати амрикоии «Тетис-Петролиум»-ро ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо ҳидоят намуд. Зимни сўҳбат дурнамои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон басо умедбахш арзёбӣ гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






