МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ДУХТУРОНИ БЕМОРИҲОИ ЗАНОНА

Сентябрь 23, 2008 15:01

 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 20 сентябри соли равон вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо гурӯҳи духтурони бемориҳои занонаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот кард. Тавре аз дафтари матбуоти вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот роҷеъ ба вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси фаъолияти духтурони бемориҳои занона дар васоити ахбори омма табодули назар карда, зикр намуданд, ки дар муассисаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ин рӯ, бояд сиёсати кадрӣ оид ба дастгирии мутахассисони лаёқатманду баландихтисос дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Қариб дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ мутахассисони ҷавон ба амалиёти ҷарроҳӣ ҷалб намешаванд, ки ин боиси бетаҷриба мондани онҳо мегардад. Чуноне ки мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи вазорати тандурустӣ Гулбаҳор Ашӯрова зикр намуд, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ шумораи табибони акушер-гинеколог кам ё тамоман нест. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Балҷувон, Тавилдара ва Н. Хисрав ин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Нишондиҳандаи фавти модарон дар ин ноҳияҳо дар ҳашт моҳи соли 2007 ба 36,7 фоиз ва дар ҳашт моҳи соли 2008 ба 41,3 фоиз баробар шуд. Аз ҳама бештар ташвишовар он аст, ки имрӯз дар баъзе таваллудхонаҳои ии ҷумҳурӣ порахӯрӣ ва пулситонии ғайриқонунӣ давом дорад. Дар баробари ин муносибати некхоҳонаи табибон нисбати беморон ва мизоҷон қариб, ки аз байн рафтааст. Дар фарҷоми мулоқот вазири тандурустии кишвар Н.Салимов мутахассисони соҳаро даъват намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта саъю кӯшиш намоянд, донишу малакаи хешро истифода намоянд, то андешаи мардум нисбати фаъолияти духтурони бемориҳои занона хубтар гардад. Таъкид карда шуд, ки духтурон муомилаи хубро нисбати корафтодагон набояд фаромуш кунанд.

Сентябрь 23, 2008 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст