НАШЪАҶАЛЛОБОН ДАСТГИР ШУДАНД

Сентябрь 26, 2008 15:39

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёт дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ду шаҳрванди 28 — солаи пойтахтро ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар шуда, дастгир намуданд. Зимни кофтукови сокини кӯчаи Федини пойтахт Саидзода Фазуллоев ва сокини ҷамоати Кококӯли ноҳияи Ҳисор Алиҷон Мақсудов як килограму 348 грам героин ёфт шуд. Нисбати ҳар дуи ин қочоқчӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши ҷинояти онҳо давом дорад.

Сентябрь 26, 2008 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст