ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁНИ ВИЛОЯТ
Қӯрғонтеппа, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии фалаксароён гузаронида шуд. Дар он асосан фалаксароёни ҷавон ширкат варзиданд. Сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сафару сайёҳати вилоят Фирӯза Шарифова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи озмун ошкор намудан ва ба майдони ҳунар раҳнамун сохтани фалаксароёни ҷавон буд. Дар озмун намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд Ҳайати доварон ҷои аввалро ба фалаксароёни ҷавони шаҳри Кӯлоб муносиб донист. Ҷои дуюмро санъаткорони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Норак ва ҷои сеюмро овозхонони ноҳияҳои Фархор, Темурмалик ва Шӯрообод ишғол намуданд.








Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






