САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ОҒОЗ БАХШИД

Сентябрь 9, 2008 16:01

         Хуҷанд, 9 сентябр (Бекназари Абубакр АМИТ «Ховар») — 9 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар шаҳри Хуҷанд дар маросими расман кушодашавии корхонаи муштараки ресандагии Нику-Хуҷанд иштирок кард. Ин корхона тибқи дастури Сарвари давлат ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Дар бораи барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» бунёд гардидааст. Корхонаи Нику-Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ширкати «Хуҷанд-инвест-котон»-и Тоҷикистон ва ширкати «Нику-Групп»-и Эрон бунёд гардида, барои коркарди 3 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол пешбинӣ шудааст.         Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, ки таи соли равон ва соли оянда дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен ба кор андохтани се корхонаи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сентябрь 9, 2008 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд