СОХТМОНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ»Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳи январ- августи соли 2008 дар масоҳати 310 ҳазору 837 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 56 ҳазору 229 метри мураббаъ зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар моҳи январ – августи соли 2008 масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ ва ба истифода додашуда дар вилояти Суғд – 135 ҳазору 384 метри мураббаъ ё 43,6%, вилояти Хатлон – 98 ҳазору 878 метри мураббаъ ё 31,8 фоиз дар шаҳри Душанбе — 49 ҳазору 831 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 26 ҳазору 74 метри мураббаъ ё баробари 8,6 фоизро ташкил додааст. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онро аҳолӣ месозад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






