ТӮФОНИ БАҲРӢ БА СОҲИЛҲОИ ҶАНУБИИ ЧИН НАЗДИК МЕШАВАД
Пекин, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — «ИТАР – ТАСС»). — Тӯфони баҳрии «Хагупит», ки дар уқёнуси Ором ба вуҷуд омада буд, айни ҳол ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад. Тӯфон ҳоло аз соҳилҳои ҷанубии Чин дар масофаи 380 километр қарор дорад. Тибқи хабарҳои расида, дар маҳалҳои истиқоматии ҷануби Чин боғчаҳои бачагона ва мактабҳо баста шуданд. Мақомоти дахлдори вилоятҳои сераҳолии Гуандун ва Гуанси – Чжуанси барои то ҳадди имкон кам кардани зарари тӯфон тадбирҳо меандешанд. Ба қавли ҳавошиносон, тӯфони мазкур ба киштиҳои моҳидорие хавфи калон дорад, ки айни ҳол дар баҳри Чини ҷанубӣ ба шикори моҳӣ машғуланд. Ба киштиҳо дастур дода шудааст, ки фавран ба бандарҳо баргарданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






